LIVE

Қаҳрамони ҷаҳон-Герд Мюллер вафот кард

Тибқи иттилои дафтари матбуотии дастаи “Бавария”-и Мюнхен, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо дар ҳайати тими миллии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, беҳтарин нишонзани таърихи Бундеслига Герд Мюллери дастон дар синни 76 -солагӣ даргузашт.
Мюллер фаъолияти касбии худро соли 1960 дар дастаи «ТСВ 1861»  оғоз кардааст. Аз соли 1964 то 1979 Мюллер дар дастаи "Бавария" бозӣ кардааст. Ҳамроҳ бо дастаи шаҳри Мюнхен муҳоҷим қаҳрамони Олмон (1969, 1972, 1973, 1974) ва барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо (1974, 1975, 1976) гардидааст. Дар ҳайати тими миллии ҶФО Мюллер қаҳрамони ҷаҳон (1974) ва қаҳрамони Аврупо (1972) мебошад. Герд Мюллер беҳтарин нишонзани таърихи Бундеслига аст (365). 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив