LIVE

Қаҳрамони ҷаҳон бозигари “ПСВ” шуд

Собиқ нимҳимоятгари  дастаҳои “Бавария” ва “Баруссия” Марио Гётсе  корномаи варзишиашро дар Нидерландия идома медиҳад. Бошгоҳи “ПСВ” бо ин футболбози 28 сола қарордоди ҳамкории ду сола ба имзо расонид. Ӯ ба бошгоҳи наваш ба ҳайси   бозигари озод мепайвандад. Гётсе 4 мавсими охирро дар  “Боруссияи Дортмунд” сипарӣ намуда, дар мавсими солҳои 2019-2020  дар 21  бозӣ муаллифи 3 гол ва 1 партофти головар сабт намудааст.  Ин футболбоз аз соли 2010 то 2017 ба ҳайати мунтахаби  Олмон даъват мешуд. Дар Чемпионати Ҷаҳон 2014 ӯ муаллифи “голи тиллоӣ” шуда, дар ҳайати Олмон қаҳрамони ҷаҳон гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив