LIVE

Суарес: Куман дар 40 сония ҷавоби маро дод

Ҳамлагари дастаи “Атлетико” Луис Суарес дар бораи рафтанаш аз дастаи “Барселона” гуфт.
«Куман дар 40 сония рафтани маро эълон кард. Занги телефонии ӯ 40 сония давом кард. Бо нобиғаҳо ин гуна хайрбод намегӯянд. Вай ирода накард, то бигӯяд, ки ман ба кӣ лозим нестам - шахсан ба ӯ ё ба бошгоҳ. Баъди он ҳама корҳое, ки барои бошгоҳ анҷом додам, рафтан хеле душвор буд. Пас аз он Месси ба ман гуфт, ки мехоҳад аз он ҷо равад ва он сол ман ба Мадрид кӯчидам. Он лаҳза барои оила мо хеле нохушоянд буд", - иқтибос меорад Marca аз суханҳои Суарес. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив