LIVE

Ривалдо: ин охирин бозии Месси дар «Камп Ноу» дар Лигаи Чемпионҳо буд

Собиқ нимҳимоятгари «Барселона» - Ривалдо дар бораи ояндаи Лионел Месси пас аз шикасти навбатии «нилунориҳо» дар бозии аввали марҳилаи 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳои УЕФА бар зидди «ПСЖ» (1:4) нақл кард. Ба гуфтаи собиқ ниммуҳофизатгари бразилиягӣ, ояндаи капитани «Барселона» дар Париж аст.
«Дар даста ягон бозингаре нест, ки ба камбэк бовар кунад. Натиҷаи бозии аввалро тақрибан тағйир додан ғайриимкон аст. Ба эҳтимоли зиёд, ин охирин бозии Месси дар Лигаи Чемпионҳо барои «Барселона» дар «Камп Ноу» буд. Бошгоҳ дигар барои боз доштани Месси бояд умед набандад. Ояндаи ӯ дар «ПСЖ» аст. Ин ягона дастаест, ки Месси қодир аст барои ҷоизаҳо мубориза барад.
Месси солҳо масъулияти тамоми дастаро ба дӯш гирифт. Дар мавсими имсола, ҳамдастаи беҳтарини ӯ Луис Суарес ба «Атлетико" Мадрид» рафт». Ин саволи душворест, ки ҷавобашро фаҳмидан хеле душвор аст», - иқтибос меорад Sport.es. аз суханҳои Ривалдо.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив