LIVE

Ривалдо: ин охирин мавсими Месси дар “Барса” аст

Капитани собиқи “Барселона” - Ривалдо дар бораи ҳолати дар атрофи Лео Месси ба амал омадаро шарҳ дод. Ӯ иқрор шудааст, ки бозигари аргентинӣ дастаро тарк мекунад.
“Барселона” аллакай бо баъзе аз футболбозон дар бораи кам кардани музди меҳнат ба тафоҳум расид, аммо бо тамоми даста натавонист ин корро анҷом диҳад.  Дар ин замина, умедҳо дар мавриди  тамдиди шартнома бо Месси камтар мешавад.
Лео бешубҳа пешниҳодҳои беҳтаре хоҳад дошт ва тобистон ӯ аллакай талош кард, ки клубро тарк кунад ва барои ин кори зиёдеро анҷом дод. Ман намефаҳмам, ки чӣ гуна роҳбарият ӯро маҷбур мекунонад, ки аз қадаме ба ақиб гузорад. 
Танҳо пирӯзӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ла Лига ё як лоиҳаи хуби Куман метавонад Мессиро бовар кунад, ки дар даста боқӣ монад. Аммо мутаассифона ба назари ман чунин менамояд, ки ин мавсими охирини Лео дар клуб аст " гуфт собиқ футболбози маъруфи бразилӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив