LIVE

Боқӣ мондани Месси кормандони “Барса”-ро ноумед кард

Яке аз кормандони дафтари кории “Барселона” иқрор шудааст, ки кормандони клуб аз он, ки  Лионел Месси дастаро тарк накард андӯҳгин шуданд.  
«Вақте маълум шуд, ки Месси қарор баровард, ки дар даста мемонад, ҳама нороҳат шуданд. Мо медонистем, ки боқӣ мондани ӯ боис ба ихтисори ҷойи кор барои дигарон мешавад, зеро клуб ба Лео маоши баланд диҳад.
Ман Мессиро дӯст медорам ва корҳои ӯро, ки барои клуб ва тамоми футбол кардааст, қадр мекунам, аммо аз ин ҳам бештар оилаам ва кор дар “Барселона”-ро дӯст медорам», - иқтибос меорад як корманди идораи  бошгоҳи каталонӣ ба рӯзномаи FourFourTwo.
Ёдовар мешавем, ки Месси дар “Барселона” аз ҳама маоши баланд мегирад ва даста барои таъмини маош ва нигоҳ доштани ӯ дар ҳайат маҷбур шуд то як қатор кормандони сохторро аз кор озод кунад то иқтисодиёти дастаро наҷот диҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив