LIVE

Аввалин мусоҳибаи Месси дар бораи рафтанаш аз "Барса"

«Барселона» дар саҳифаи расмии худ акси  Мессиро бо мусоҳибаи охиринаш дар сомонаи маъруфи Gol. нашр кард. 
«Муҳаббати ман нисбат ба "Барса" ҳеҷ куҷо нарафтааст. 
Рӯзи 4-уми сентябр футболбози 33 солаи аргентинӣ мусоҳибаи махсус анҷом дод, ки дар он хулосаи худро нисбати боқӣ монданаш дар тими каталонӣ баён намуд. Аммо дар ҷараёни суҳбат аз кори президенти «Барселона» - Хосеп Бартомеу интиқот кардааст. 
Дар ин миён Лионел дастаро огоҳ намудааст, ки бо анҷом ёфтани мавсим ӯ ҳамчун бозигари озод «Барселона»-ро тарк мекунад.
Месси мақсади рафтан аз дастаро дошт, аммо клуб талаб кард, ки танҳо бо пардохти 700 млн евро ӯ ҳуқуқ дорад, ки аз даста равад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив