LIVE

Португалия финалисти Ҷоми ҷаҳон оид ба футзал

Дар бозии даври ½ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба футзал тимҳои миллии Португалия ва Қазоқистон рақобати шадид нишон доданд. Набарди ҳарифон пуршиддату тамошобоб ҷараён гирифта, бо натиҷа мусовии 2:2 хотима ёфт, вале аз рӯи натиҷаи пеналти Португалия бо ҳисоби  4:3 пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар финал  португалиҳо бо қаҳрамони феълии ин мусобиқа тими миллии Аргентина вориди майдони рақобат мешаванд. Барои ишғоли зинаи сеюм бошад, тимҳои миллии Бразилия ва Қазоқистон бозӣ мекунанд. Ҳарду дидор санаи 3-юми октябр баргузор мешаванд.

Ҷоми ҷаҳон. Футзал
Даври ½ финал 
Португалия — Қазоқистон — 2:2, аз рӯи пеналти — 4:3

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив