LIVE

Португалия қаҳрамони ҷаҳон -2019

Тими мунтахаби Португалия дар финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соҳилӣ бо тими миллии Италия вориди майдони рақобат шуд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Асунсйони кишвари Парагвай сурат гирифта, бо ҳисоби 6:4 ба суди мунтахаби Португалия хотима ёфт. Ҳамин тавр мунтахаби Португалия оид ба футболи соҳилӣ маротибаи сеюм дар тӯли таърихи хеш ба гирифтани нишони тиллои Чемпионати ҷаҳон даст ёфт. Аз ҳама бештар ин мусобиқаро мунтахаби Бразилия 14 маротиба ба даст овардааст. Барои ишғоли зинаи сеюм бошад, тимҳои миллии Ҷопон ва Россия рақобат намуданд, ки дар ин майдондорӣ яккачини Россия бо натиҷаи 5:4 дастболо шуда, сазовори нишони биринҷии Ҷоми ҷаҳон оид ба футболи соҳилӣ гардид. 

Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соҳилӣ-2019
Асунсон (Аарагвай)
ФИНАЛ
Бозӣ барои ишғоли зинаи 3-юм
Ҷопон — Россия — 4:5 (3:2, 1:1, 0:2)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив