LIVE

Ҳакимӣ: Дар рафтани ман аз "Реал" Зидан гунаҳгор нест

Муҳофизатгари ПСЖ   - Ашраф Ҳакимӣ сабаби рафтанаш аз "Реал"-ро чунин шарҳ дод. 
"Вақте ки Зидан бори аввал ба ман занг зад, ман бо дӯстон дар назди хона нишаста сӯҳбат мекардам. Ва он гоҳ телефони ман занг зад ва дидам, ки ин Зидан аст! Вай ба ман гуфт, ки ту бозӣ мекунӣ. Ман интизор надоштам.
Ман аз Зидан бисёр чизҳоро омӯхтам. Он чизе, ки дар соли 2020 рух дод, ба ӯ ҳеҷ иртиботе надорад ва ӯ гуноҳе надорад. Ҷанбаҳои дигари мушкилӣ буд, ки он аз таъсири коронавирус буд. "Реал" бо фурӯши ман мехост вазъи молявии худро беҳтар кунад. 
Сипас ман ва Зидан сӯҳбате доштем, ки байни мо мемонад. Назари ӯ аз он чизе, ки роҳбарият фикр мекард, фарқ дошт", гуфт Ҳакимӣ дар мусоҳиба бо L'Équipe.
Ҳакимӣ хатмкунандаи “Реал Мадрид аст. Аз соли 2018 то 2020 дар  "Боруссия" ба иҷора дода шуд. “Реал Мадрид” баъд аз бозгашт ӯро ба “Интер” дод. Клуби мадридӣ барои ӯ тақрибан 40 миллион евро маблағ ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив