LIVE

Беҳтарин нишонзани "Тоттенхэм" вафот кард

Собиқ ҳамлагари мунтахаби  Англия ва дастаҳои  "Челси" ва "Тоттенхэм" Ҷимми Гривз 19 сентябр дар синни 81 солагӣ даргузашт.
"Мо аз шунидани хабари марги Ҷимми Гризз ғамгин шудем, Ӯ на танҳо голзани беҳтарин дар таърихи “Тоттенхэм”, балки бозигари беҳтарини ин кишвар буд", - омадааст дар сомонаи расмии худ бошгоҳи “Тоттенхэм”.
Ҷимми Гривз беҳтарин нишонзан дар  таърихи Тоттенхэм (266 гол) ва бомбардири беҳтарин дар таърихи Премйер Лига (357 гол) ба ҳисоб меравад. Дар 57 бозии мунтахаби Англия ба задани 44 гол даст ёфтааст.  Ба ғайр аз  “Челси” ва “Тоттенхэм”  Ҷимми  дар дастаҳои “Милан”, “Вест Хэм Юнайтед” ва чанд бошгоҳи дигари бритониёӣ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив