LIVE

Неймар: "Намедонам, ки чӣ кор кунам, то мардум маро эҳтиром кунад"

Ҳамлагари дастаи “ПСЖ” ва мунтахаби Бразилия Неймар андешаи мухлисонро дар бораи худаш гуфт.

“Маълум аст, ки даста аз ҳама чиз боло аст. Ман хеле хурсанд мешавам, ки дар марҳилаи интихобӣ беҳтарин голзан шавам. Ман дар мунтахаб аз ҷиҳати пасҳои голӣ низ беҳтар ҳастам ва дар замони наздик аз Пеле пеш мегузарам ва беҳтарин голзан дар таърихи мунтахаби Бразилия мегардам.

Ман намедонам, ки боз чӣ кор кунам, ки мардум, шореҳон ва рӯзноманигорон маро эҳтиром кунанд. Ман ба ин аҳвол аллакай одат кардаам. Гоҳе намехоҳам, ки мусоҳиба диҳам, аммо баъзан ҳолатҳои зарурӣ ин корро мекунам”, - иқтибос меорад суханҳои Неймарро Goal.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чанд рӯз қабл Неймар ба даъвои мухлисон барои вазни зиёдатӣ доштанаш ҷавоб гуфта буд. Он вақт гуфт, ки ман пироҳани андозаи “L”-ро пӯшида будам, аммо андозаи пироҳани ман – “M” мебошад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив