LIVE

Силоҳбадастон намегузоранд, ки Наби Кейта ба Англия баргардад

Нимҳимоятгари “Ливерпул” ва мунтахаби Гвинея Наби Кейта як ҳавопаймои хусусии 13 курсиро банд кардааст, то бинобар табаддулоти давлатӣ кишварро тарк кунад, хабар медиҳад хабарнигор Тирно Амаду Макаҷи дар сомонаи “твиттер”-и худ.

Кейта мехоҳад, ки бо чанде аз ҳамдастаҳояш аз Гвинея парвоз кунад. Ҳавопаймо мунтазири иҷозати фуруд дар пойтахти Гвинея шаҳри Конакри аст. Дар ҳоли ҳозир бозигарон дар меҳмонхона ҳастанд.

"Ливерпул" қаблан дар бораи вазъи нимҳимоятгари худ Наби Кейта изҳорот дод, ки ба далели табаддулоти ахир то ҳол аз Гвинея барнагаштааст. Кейта ба тими миллии Гвинея барои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2022 даъват шуда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки як гурӯҳи мусаллаҳ президенти Гвинеяро гаравгон гирифта, қонунҳои асосиро боздошт ва ҳама имконоти вуруд ва хуруҷро дар кишвар барои як ҳафта манъ кардааст. Бозии Гвинея – Марокаш аз ҳамин сабаб ба мавқуф гузошта шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив