LIVE

"Ливерпул" ба даври ҳазфӣ роҳ ёфт

"Ливерпул" дар даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо дар сафар бо "Залтсбург" бозӣ намуд. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи "Ред Булл" сурат гирифта, бо ҳисоби 0:2 ба фоидаи сурхҳо хатм гардид. Наби Кейта ва Муҳаммад Салоҳ муаллифи голҳои дидор гардиданд. Баъди ин пирӯзӣ "Ливерпул" бо дарёфти 13 хол аз мавқеи аввал ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт. "Залтсбург" бошад, рақобати худро дар Лигаи Аврупо идома медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив