LIVE

Ҳоланд қаҳрамони феълии ЛҚ-ро ҳушдор дод

Эрлинг Ҳоланд ҳамлавари дастаи "Ред Булл Залтсбург" омодагии ҷиддии худро ба бозии ҳалкунанда бо "Ливерпул" баён кард:

"Ин муҳимтарин бозӣ дар ҳаёти ҳар яки мо аст. Чизе барои бохтан надорем. Танҳо ба майдон меоем ва барои кайфияти худ рақобат хоҳем кард. Ман мисле ки дар афсонаҳо дар чунин бозии бузург ҳузур хоҳам дошт."-иброз доштааст ҳамлагари боистеъдоди норвегӣ дар мусоҳиба бо Daily Mirror. 

Ёдовар мешавем, ки дар сурати пирӯзии дастаи "Залтсбург" ғолиби феълии мусобиқа аз идомаи мубориза бенасиб мегардад. Дар навбати худ "Ливерпул"-ро муссовӣ ҳам қаноат медиҳад. Бозии даври охири марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳо дар гуруҳи "Е" миёни "Залтсбург" ва "Ливерпул" имрӯз соати 22:55 бо вақти Тоҷикистон баргузор мегардад. Шабакаи Варзиш ин бозиро мустақиман манзури Шумо менамояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив