LIVE

Вохӯрии ҷолиби Мане бо дӯсташ!

Баъди бозии тими мунтахаби Гвинея-Бисау бо мунтахаби Сенегал футболбози сенегалии дастаи “Ливерпул” Садио Мане бо дӯсти айёми бачагии худ Соло вохӯрд, ки алъон ҳамчун полис фаъолият менамояд. Ин дидори дӯстон баъд аз 17 сол сурат гирифт. Ҳар ду айёми кӯдакӣ дар як деҳа бузург шуда, якҷоя футболбозӣ мекарданд. Мане аз шодии дидори дӯсташ шод гашта, рақами телефони Солоро гирифта, бо ӯ доим дар тамос буданро ваъда намуд. Ҳамчунин, Мане ваъда дод, ҳангоме, ки даромадани мухлисонро ба варзишгоҳ иҷозат диҳанд, Солоро ҳатман ба тамошои ягон бозии дастаи “Ливерпул” ба варзишгоҳи Энфилд даъват хоҳад кард.

Next Post

Комментарии 1

Mehrob
Mehrob от 22 декабря 2020 09:38
Саломат, дар болои шарх расми кахрамонони матро гузоред хубтар мешавад

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив