LIVE

Мане баъд аз мактаб беморхона месозад

Ҳамлавари бошгоҳи «Ливерпул» - Садио Мане мегӯяд, ки омодааст барои сокинони зодгоҳаш як беморхонаи дорои тамоми шароитҳо барои муолиҷаи беморон бунёд созад.

"Вақте, ки ман дар синни 7 солагиам дар кӯча футболбозӣ мекардам, амакбачаам ба ман гуфт, ки падарат тарки дунё кард. Ман ин дардро бардошта натавонистам. Падарам пеш аз маргаш якчанд муддат азият кашид. Ӯ се-чор моҳ дар хона табобат меёфт, зеро дар зодгоҳи ман беморхона набуд.
Ман дар ёд дорам, ки хоҳарам ҳамчунин дар хона ба дунё омада буд. Барои ҳамин ман мехоҳам, ки дар деҳаамон як беморхонаи бузург созам ва то ба мардум хизмат кунад, — мегӯяд Мане.

Беморхона бояд пас аз шаш моҳ ба фаъолият шурӯъ кунад. Қаблан Мане барои сохтани мактаби зодгоҳаш 270 000 евро сармоягузорӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив