LIVE

Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Баҳрайн дар бозии дуюми дӯстона

Бозии дуввуми дӯстона байни тимҳои ҷавонони Баҳрайн ва Тоҷикистон (U23), ки 6 сентябр дар Манама баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ - 2:2 хотима ёфт.
Ҷавонони мо пас аз ду голи капитани даста Эҳсони Панҷшанбе бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, аммо натавонистанд, бартариро  нигоҳ доранд.
Ёдовар мешавем, ки  бозии якуми дӯстона миёни тимҳои ҷавонони Баҳрайн ва Тоҷикистон низ мусовӣ, 0:0 хотима ёфта буд.  Барои тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бозиҳои дӯстона бо Баҳрайн яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 то 31 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив