LIVE

Рақобати беголи мунтахабҳои Тоҷикистону Баҳрайн

Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 23-солаи Тоҷикистон бозии якуми дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз  Баҳрайн анҷом дод. Вохӯрӣ 3 сентябр, дар варзишгоҳи "Халифа Спорт Сити"-и Манама баргузор шуд ва  бидуни гол хотима ёфт.

Рӯзи душанбе, 6 сентябр, тимҳои миллии Баҳрайн ва Тоҷикистон дуввумин бозии дӯстонаро дар Манама анҷом медиҳанд.

Бозии дӯстона

Баҳрайн (U -23) - ТОҶИКИСТОН (U -23) - 0:0
Тоҷикистон: Далер Азизов, Шохрух Сангов (Фирдавс Алиназаров, 82), Наимҷон Иброҳимзода, Алиҷон Кароматуллозода, Хусейн Нурматов, Кароматулло Саидов (Шухрат Элмуродов, 82), Муҳаммадалӣ Азизбоев ((Мухаммад Саломзода, 68) Эҳсони Панҷшанбе (Нуриддин Ҳамроқулов, 87) Далер Ёдгоров (Сорбон Авғонов 68), Шаҳром Самиев (Шарафҷон Солехов, 68).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив