LIVE

Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон(U-19) бар дастаи Эрон

      Имрӯз, 24-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ шогирдони - Мубин Эргашев аз худ маҳорати баланд нишон дода, бо натиҷаи 2:1 дастболо шуданд. Дар ҳайати тими миллии мо голҳоро Абдулмуъмин Забиров ва Шаҳром Самиев ба нишон расониданд. Ягона тӯби меҳмононро Алӣ Субҳонӣ ба номаш сабт намуд.

Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1
Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмуъмин Забиров, 73 – пеналти (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

Зарбаи ҷаримавиро ба самар расонида натавонист: Ёсин Салмонӣ (Эрон), 55 – дарвозабон.

ТОҶИКИСТОН (U-19): Шохруҳ Қиргизбоев, Алиҷон Кароматуллозода, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 79), Озодбек Панҷиев (Ҷонибек Шарипов, 46), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров (Шоҳрух Сангов, 64), Шаҳром Самиев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив