LIVE

Оғози тамрини мунтахаби Тоҷикистон U-19

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19) ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Душанбе шурӯъ кард. Омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳарамонии Осиё нигаронида шудаст.
Тамринҳои даста ду ҳафата идома мекунанд. Сармураббии даста Мубин Эргашев барои иштирок дар ин чорабинӣ 28 бозигар, аз ҷумла 4 нафар дарвозабонҳо, 10 нафар муҳофизон, 8 нафар ниммуҳофизон ва 6 нафар ҳамлагаронро даъват кардаст.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон, ки аз 3 то 20 марти соли оянда дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор хоҳад шуд, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19) дар гурӯҳи “Д” муқобили мунтахабҳои ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.
Чор дастаи беҳтарини ин мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2021 байни ҷавонони то 20 сол (U-20 мешаванд, ки он дар давлати Индонезия баргузор хоҳад гашт.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Муҳофизон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»), Парвиз Бахтиёрзода («Регар-ТадАЗ»), Қиматшо Муминшоев («Панҷшер»);
Ниммуҳофизон: Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Шерзод Дадабоев, Ҳикматилло Исмоилов, Умедҷон Холиқов, Муҳаммад Бӯризод (ҳама аз «Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Хоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Таҳияи Нуралӣ Хоркашев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив