LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-23) барои бозӣ бо Баҳрайн муайян шуд

Мубин Эргашев ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футболро ҷиҳати ширкат дар бозиҳои дӯстона муқобили яккачини Баҳрайн эълон намуд. Дастаи ҷавонони мо рӯзҳои 3-юм ва 6-уми сентябр дар Манама  ду вохӯрии санҷишӣ бо тими миллии кишвари Баҳрайн баргузор мекунад. Бинобар сабаби иштироки тими "Истиқлол"  дар   вохӯрии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастпарварони бошгоҳи мазкур ҳайати ҷавононро мукаммал карда наметавонанд. Шериддин Бобоев низ бо сабаби маҳдудияти бемории Ковид-19 дар Малайзия дар бозиҳои рафиқона иштирок намекунад. 

Ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстона бар муқобили Баҳрайн:
Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Куктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Муҳхаммад Саломзода («Куктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Мухаммаҷон Насков, Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмумин Забиров, Далер Ёдгоров («Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шухрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив