LIVE

Нимҳимоятгари "Барселона" ба Туркия рафт

Нимҳимоятгари дастаи “Барселона” Миралем Пянич ба “Бешикташ”-и Туркия гузариш намуд. Аз рӯи иттилои сомонаҳоии варзишӣ дастаи туркӣ Пяничро ба муддати 1 сол ба иҷора гирифтааст. Пештар хабар дода шуда буд, ки бозигар ба “Зенит”-и Русия гузариш мекунад. Дар умум чанд дастаҳои Русия ва Туркия хостори ба иҷора гирифтан ва харидорӣ намудани Пяничро доштанд. Дастаи “Бешикаташ” дар тӯли як мавсим ба Пянич 2,7 млн евро пардохт мекунад, ки ин як қисми маоши Пянич дар "Барселона" буд.

Футболбози 31-сола аз сентябри соли 2020 дар ҳайати "нилунориҳо" ҳунарнамоӣ намуда, дар 30 бозӣ иштирок кардааст. Портали Transfermarkt бозингарро 20 млн евро баҳо медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив