LIVE

"Тоттенхэм" бозигари “Барса”-ро ба иҷора мегирад

Тибқи иттилои матбуоти испанӣ, "Тоттенхэм" омодааст барои футболбоз Пянич шартнома бешниҳод кунад. Дар айни замон ягон даста хоҳиши хариди ин бозигарро надорад, аммо аксар клубҳо Пяничро ба иҷора гирифтан мехоҳанд.  Футболбози 30-сола бешубҳа ба нақшаҳои Роналд Куман дохил карда нашудааст. Мутахассиси ҳоландӣ аз ниммуҳофизатгари босниягӣ ба дараҷае ноумед шуд, ки ӯро дар феҳристи бозигарон дохил накард.
Инчунин клубҳои итолёвӣ хоҳиши даъвати Пяничро доранд.  Миралем Пянич солҳои беҳтарини худро дар Серияи А гузаронида, дар клубҳои “Рома” ва “Ювентус” бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив