LIVE

Роналду ба Англия нарафтааст

Ба навиштаи The Athletic, Роналду аз Турин ба Лиссабон парвоз кардааст ва ба тими миллии Португалия ҳамроҳ мешавад.

Гап дар сари он аст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо то бозии даври 3 -юми Премйер Лигаи Англия  "Вулверхэмптон" - "Манчестер Юнайтед", ки рӯзи якшанбеи 29 август баргузор мешавад, анҷом дода шудаанд. Аз ин рӯ, Роналду ҳоло ҳам наметавонад дар ин вохӯрӣ ширкат кунад.

Қаблан "Манчестер Юнайтед" расман бозгашти ҳамлагари португалиро ба бошгоҳ эълон кард. 27 август маълум шуд, ки Роналду аз "Ювентус" меравад. Дар аввал хабар дода шуд, ки Роналду ба "Манчестер Сити" мегузарад, аммо “шаҳриҳо” аз музокирот даст кашиданд.

Ёдовар мешавем, ки португалӣ аз соли 2018 дар дастаи “Ювентус” бозӣ мекард. Ҳамлагари 36-сола дар мавсими гузашта бо 29 гол беҳтарин нишонзани чемпионати Италия шуд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив