LIVE

«Реал» бозигарони асосии худро раҳо намекунад

Нимуҳофизатгар Федерико Валверде бо дастаи «Реал» шартномаи нав ба имзо расонид.  Валверде  бо клуби шоҳона то соли 2027 тамдиди қарордод намуд. Дар шартномаи нав омодааст, ки арзиши ин футболбози уругваӣ барои дастаҳои дигари хоҳишманд 1 миллиард евро мебошад. 
Валверде тобистони соли 2016 бо маблағи 5 миллион евро ба системаи "Реал Мадрид" пайваст. Бозигари уругвайӣ дар мавсими солҳои 2018-2019 ба ҳайати асосӣ ҷалб шуд. Аз он вақт инҷониб, ӯ 104 бозӣ гузаронидааст.
Transfermarket арзиши Федерико Валвердеро 65 миллион евро баҳогузорӣ кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив