LIVE

Бозингари 750 миллионаи "Реал"-и Мадрид кӣ аст?

Реали Мадрид бо Федерико Валверде тамдиди шартнома намуда,шартномаи нав то соли 2025 ҳукми қонунӣ пайдо намудааст,дар ҳоле,ки қарордоди қаблӣ бо ин футболбоз  бояд,ки соли 2021 хотима меёфт. Аммо тамдидкунии шартнома бо ин футболбоз  чизи калидӣ несту муҳим он аст,ки агар дастае дар оянда бихоҳад  ин футболбозро ба даст орад,бояд,ки 750 миллион евро пардохт намояд. Айнан чунин маблағ дар шартномааш навишта шудааст. Ёдовар мешавем замоне  Валвердеро   Реал бар ивази панҷ миллион евро ба даст оварда буд. Ин аст воситаи зираконаи пулкоркунӣ  ва бояд илова намуд,ки солҳои ахир нархгузории гарони футболбозон  як чизи маъмулӣ дар Испания шудааст. Ҳарифи асосии мадридиҳо Барселона низ дар чунин корҳо ҳеҷ ками надорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив