LIVE

Ниммуҳофизатгари “Ман. Сити” ба дастаи дигар гузаштанист

Бино ба иттилои Sports, нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Бернардо Силва мехоҳад ба ҷои дигар гузарад. 
Ҷавони 27-сола ният дорад, ки фаъолияти худро дар клуби дигар идома диҳад. “Барселона” ба соҳибмулкони клуби англисӣ пешниҳоди ивази бозигарон намуд, аммо Сити рад кард, зеро клуб хоҳиши фурӯши Силваро дорад.  “Атлетико” инчунин ба ин бозигари португалӣ таваҷҷӯҳ дорад, аммо барои ба даст овардани ин қарордод бошгоҳи шаҳри Мадрид бояд аввал як бозигари худро фурӯшад.
Қаблан сармураббии “Манчестер Сити” - Хосеп Гвардиола гуфта буд, ки чанд бозигар мехоҳанд клубро тарк кунанд.
Бернардо Силва қаҳрамони секаратаи Англия, барандаи Ҷоми Англия мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив