LIVE

Пеп нисбати тақдири ояндааш дар «Ман Сити» ҳарф зад

Сармураббии  «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола гуфтааст, ки барои тамдиди шартномааш бо клуби англисӣ зид нест. 

«Намедонам дар оянда чӣ мешавад.Мехоҳам дар даста боз як соли дигар бимонам ва ояндааш аз роҳбарияти клуб вобастааст. Соли 2021  5 солагии кори ман дар „Манчестер Сити“ маҳсуб мешавад. Мебинем чигуна даста аз натиҷаи фаъолиятам изҳори қаноатмандӣ мекунад ва хоҳиши идомаи ҳамкорӣ дорад ё не.  
Бо бозикунони сатҳи олӣ кор мекунаму клуб роҳбарияти кордон дорад. Дарки он, ки барои чӣ ман мехоҳам дар даста барои 3 соли дигар бимонам? мушкил нест. 
Ҳоло бошад, танҳо барои се моҳи боқимондаи мавсим фикр мекунам ва баъди он барои андешаи шартнома вақт зиёд дорем», иқрор шудааст Гвардиола.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив