LIVE

"Хуҷанд" зинаи аввали чемпионатро ба касе намедиҳад

Даври 14-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо рақобатҳои ҷолибу диданӣ хотима ёфт. Дар ин давр бошгоҳи “Хуҷанд” дар сафар ба ғалаба даст ёфт. Ба ғайр аз мусовии "Равшан" ва "Душванбе" вохӯриҳои дигар ба навъи соҳибони майдон хотима ёфтанд.
Дар идомаи рақобатҳои даври 14-уми Чемпионати мамалкат оид ба футбол миёни дастаҳи Лигаи олӣ бошгоҳи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақбат кард. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ниҳияи Рӯдакӣ сурат гирифта, бо натиҷаи 1:3 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Ҳисобро Артём Сердюк дар дақиқаи 21-уми бозӣ кушод. Пеш ба танаффус баромадан шогирдони Рустам Хоҷаев як голи дигар зада, таносубро дуболо сохтанд. Ин голро Самандар Очилов марбути номи худ кард.
Дар дақиқаҳои иловагии қисми якум Аъзамҷон Муродов аз ҳайати дастаи “Куктош” бо илати қоидаситезӣ корди сурх гирифта, аз майдон ронда шуд. Дар дақиқаи 58-уми рақобат Муҳаммад Саломзода ба як голи меҳмонон ҷавоб гардонд. Аммо футболбозони дастаи “Хуҷанд” ба ин натиҷа қаноат накарда, дар дақиқаиҳои иловагии қисми дуюм бо ташаббуси Дилшод Бозоров як голи дигар зада, ҳисобро 3 бар 1 намуданд. Ҳамин тариқ бошгоҳи “Хуҷанд” пирӯзии навбатиашро ба даст оварда, садрниши ҷадвал боқӣ монд.   
   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив