LIVE

Кйеллини дар "Ювентус" боқӣ мемонад

“Ювентус” бо ҳимоятгари 36 сола  Ҷорҷо Кйеллини ҳамкориашро тамдид кард. Шартномаи нав то тобистони соли 2023 эътибор дорад.

"Ин як қадами муҳим дар ҳаёти ман аст. Ман дар  бачагиам Ювентус омадам ва ҳоло аз ҳар лаҳза лаззат мебарам. Мехоҳам, ба  "Юве" барои расидан ба ҳадафҳояш кӯмак кунам.
– зикр намуд Кйеллини.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи қаблии Кйеллини бо "Ювентус" 30 июн ба охир расид. Ҳимоятгар калонсолтарин  капитан дар таърихи финали Чемпионати Аврупо шуд ва бо ин дастовардаш аз  Ҷанлуиҷи Буффон, ки дар финали Евро -2012 бозӣ карда буд, пеш гузашт. Дар Евро -2020 Ҷорҷо 5 бозӣ гузаронида, бо сабаби ҷароҳат дар рақобатҳо бо тимҳои миллии Уэлс ва Австрия иштирок надошт. Барои ҳимоятгари марказӣ, финали охирин  95 -умин  вохӯрӣ дар тамоми фаъолияти касбияш дар ҳайати тими миллӣ  ба ҳисоб мерафт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив