LIVE

Кйеллини: Рамос чӣ тавр Салоҳро маҷруҳ кард? Ин моҳирона буд

Муҳофизатгари «Ювентус» - Ҷорҷо Кйеллини дар тарҷумаи ҳоли хеш назари худро дар бораи дифоъгари  «Реал» - Серхио Рамос баён намудааст. 
«Ӯ беҳтарин муҳофизатгари ҷаҳон аст. Мегӯянд вай бозигари кунҷков аст. Бо иштибоҳи ӯ дар як мавсим аз 8 то 10 гол сар додан мумкин аст. Вале ӯ техникаи баланд дорад ва метавонад дар нақши ҳамлагар низ бозӣ кунад.
Аммо Рамос ду хислате дорад, ки дигарон ба он наздикӣ надоранд. Ӯ дар бозиҳои бузург нақши муҳиму калидӣ мебозад ва ҳаракатҳояш дар майдон мантиқи баланд доранд. Серхио қудрати маҷруҳ сохтани рақибро бо роҳи маккорӣ дорад. Ӯ моҳирона китфи Салоҳро дар финали Лигаи Чемпионҳои соли 2018 шикаст. 
Ҳарчанд вай ҳамеша мегӯяд, ки ин корро қасдан накардааст, аммо вақте, ки чунин меафти медони, ки  дасти ҳарифро агар сар надиҳӣ аз 10 чунин ҳолат ҳатман дар 9 тоаш метавонад он шиканад», гуфтааст Кйеллини ба сомонаи Football Italia.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив