LIVE

"Тоттенхэм" барои футболбози "Севиля" €25 млн ва Ламелуро медиҳад

"Севиля" ва "Тоттенхэм"-и Лондон  музокиротро барои имзои ду бозигар ва пардохти иловагии "Тоттенхэм"  ба анҷом мерасонанд. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо дар Твиттер хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, барои ба даст овардани нимҳимоятгари 20-солаи испанӣ  Бриан Хил, ки ба "Севиля" тааллуқ дошта, мавсими гузаштаро дар "Эйбар" ба  ҳайси иҷора гузаронидааст,  "Тоттенхэм"- ро мебояд 25 миллион евро пардохт карда, футболбози аргентинии 29-сола Эрик Ламелуро бидиҳад. Футболбозон аллакай бо клубҳои навашон шартнома бастанд. Ҳоло дастаҳо барои анҷом додани давраи гузариш ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда истодаанд.
Бриан Хил, ки тахминан 30 миллион евро арзиш дорад,  дар 30 бозии  "Эйбар"  ширкат варзида, 4 гол ва 4 партофти головар ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив