LIVE

Анчелотти футболбози "Сассуоло"-ро мехоҳад

"Реал Мадрид" ба имзои нимҳимоятгари "Сассуоло" Мануэл Локателли омода шуда истодааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сармураббии нави "Реал Мадрид" Карло Анчелотти аз роҳбарияти клуб хостааст, ки  барои ба даст овардани футболбози итолиявии 23-сола бо "Ювентус" ва дигар дастаҳо мубориза баранд. MadridZone хабар медиҳад, ки бошгоҳи "шоҳона" омодааст, ки  барои хариди бозигари итолиёвӣ 40 миллион евро сарф кунанд.
Шартномаи Локателли бо "Сассуоло" то тобистони 2023 амал мекунад. Дар мавсими 2020/21  нимҳимоятгар  34 бозӣ гузаронида, чор гол се партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив