LIVE

“Реал Мадрид” мехоҳад аз Лука Йович халос шавад

“Реал Мадрид” ният дорад ҳамлагари худ Лука Йовичро тобистони имсол фурӯшад. Матбуоти Испания дар ин бора иттилоъ медиҳад. Ҳоло футболбоз дар тими “Айнтрахт”-и Франкфурт ба иҷора дода шудааст.  Роҳбарияти бошгоҳи шоҳона интизори пешниҳод барои  Йович аст ва омодааст, ки гузариши ӯро баррасӣ кунад. 
Transfermarkt футболбозро 20 миллион евро ҳисоб мекунад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ҳамлагари мазкурро соли 2019 “Реал” барои серб 63 миллион евро пардохт карда буд.
Дар мавсими ҷорӣ Йович дар Бундеслига 11 бозӣ гузаронида, 3 гол зада, як партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив