LIVE

Йович аз пушти Зидан мехоҳад ба «Айнтрахт» баргардад

Йович мехоҳад ба «Айнтрахт»  баргардад. Ба ӯ муносибати Зидан писанд нест. Ҳамлагари 22 солаи “Реал Мадрид” - Лука Йович ният дорад, ки дастаро тарк кунад. Муносибати сармураббии даста Зинедин Зидан ба футболбози сербӣ сард аст. Йович умедашро барои шомил шудан ба ҳайати асосии клуби шаҳри Мадрид кандааст. Йович мехоҳад ба клуби собиқи худ, “Айнтрахт”-и Франкфурт баргардад, ки “Реал” ӯро тобистони соли 2019 бо маблағи 60 миллион евро харидорӣ карда буд. Баъди аз омадан ба Мадрид ҳамлавари 22-сола аз футбол дида, бештар ба истироҳату фароғат машғул аст. “Реал” ин бозигарашро барои гузоштани аксҳо аз маконҳои дилхушӣ бо духтарон борҳо ҷаримабандӣ намуд. Ҳамчунин Лука Йович аз болои девори манзили худ афтид, ки ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт, аммо ба табибони дастааш гуфтааст, ки дар тамрин ба чунин ҳол гирифтор шуд. Вале футболбоз барои чӣ ба болои девори манзили зиди худ баромадааст маълум нест. Дар дур шудани футболбози соҳибистеъдод аз майдон баъзеҳо худи Зиданро айбдор мекунанд, зеро ба иқрори онҳо сармураббӣ ба ҳамватани худ Карим Бензема, ки ҳарду решаи алҷазоирӣ доранд, шонси бештар медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив