LIVE

“Челси” ва “Ливерпул” талабгори бозигари “Реал”

Ба иттилои AS, нимҳимоятгари 22-солаи “Реал Мадрид” ва тими миллии Норвегӣ Мартин Эдегор, ки дар дастаи "Арсенал" ба иҷора дода шудааст,  диққати ду бошгоҳи беҳтарини Англия – “Челси” ва “Ливерпул”-ро ба худ ҷалб кардааст. Тибқи иттилои манбаъ "Арсенал" омодааст, ки футболбозро ба маблағи 35 миллион евро бихарад, аммо арзиши аслии футболбоз 58 миллион евро гуфта мешавад. Чунин маблағро роҳбарияти “Арсенал” сарф кардан намехоҳанд. Ин  ҳолат “Челси” ва “Ливерпул” метавонанд истифода баранд. Чониби “Реал Мадрид” дар мавриди рафтани футболбоз аз даста чизе нагуфтааст, аммо фурӯши нимҳимоятгар имкон медиҳад, ки мадридиҳо дар хариди Килиан Мбаппе аз “Пари Сен-Жермен” ё Эрлинг Ҳолланд аз “Боруссия” Дортмунд  сармоягузорӣ кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив