LIVE

Иқдоми ибратбахши футболбозони ҷавон дар арафаи Иди Қурбон

Дар арафаи Иди Қурбон, футболбозони дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон (U-19) дар якҷоягӣ бо кормандони Федератсияи футболи мамлакат ба айёдати бошандагони хонаи беморони касалиҳои рӯҳии шаҳри Ҳисор рафтанд.
Ба хонаи беморон, ки дар он зиёда аз дусад нафар гирифторони касалиҳои рӯҳӣ табобат мегиранд, маҷмӯи зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ ва либос тақдим шуд. Кормандони хонаи беморон ба бозигарони дастаи мунтахаби ҷавонон ва кормандони Федератсия барои таваҷҷӯҳашон изҳори сипосгузорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин вохӯриҳо ба беҳтар гаштани вазъи саломатии беморон фоидаовар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив