LIVE

Футболбозони то 17 сола ба Ватан баргаштанд

Мунтахаби наврасони 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол баъд аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019  дар кишвари Бразилия ба Ватан баргашт. Ба пешвози футболбозони наврас ба толори меҳмонони расмии фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дӯстону пайвандон омада буданд. Пас аз пешвозгирии самимӣ масъулин бо ҳайати мунтахаб сӯҳбат доир карда, барои иштирокашон дар ин мусобиқоти бонуфуз ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипос намуданд. Иштирок дар ин мусобиқоти фароҷаҳонӣ, ки воқеан футболбозони навраси мо новобаста аз рақибони пурқуввати хеш бозии муҷалло нишон доданд, гувоҳи он аст, ки мо дар оянда низ метавонем дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Танҳо барои хубтару беҳтар малакаро аз худ кардан бо ин гуна рақибон бояд нерӯ санҷид. Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон - Зайниддин Раҳимов ба роҳбарияти Федератсияи футболи кишвар барои муҳайё кардани шароити машқу тамрин ҷиҳати омодагӣ ба чемпионат изҳори миннатдорӣ карда, ваъда дод, ки минбаъд баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, хусусан соли оянда дар Ҷоми Осиё, ки дар кишвари Ӯзбекистон байни ҷавонони 19-сола баргузор мегардад, тамоми қувваю маҳораташонро сарф менамоянд, то дастпарваронаш бо сари баланд ба Ватан баргарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив