LIVE

Дар марги Марадона 7 нафар гумонбар шуданд

Тафтиши марги футболбози дастони тими миллии Аргентина – Диего Марадона ба поён расид. Баъди тафтиш ҳафт нафарро бо гумони даст доштан ба куштор айбдор карданд. Додситонии кулли шаҳри Сан-Исидро низ аз додраси парванда хостааст, ки рафтани айбдоршавандаҳо аз хоки Аргентина манъ карда шавад. Ҳамаи онҳо кормандони тиб мебошанд ва дар марги Марадона  иштирок доштаанд.
Айбдоршавандаҳо ба муҳлати аз 8 то 25 сол маҳкум ба зиндон мешаванд. Дар гузориши додситон қайд шудааст, ки кори гурӯҳи тиббӣ, ки ба Марадона кӯмак кардааст, "нокофӣ, номукаммал ва бепарвоёна" будааст ва ин чиз "вазъи саломатии беморро ба хатар" гузошт. Ташхиси собиқ капитан ва мураббии тими миллии Аргентина нишон дод, ки ӯ дар натиҷаи "омоси шадиди шуш, ки дар натиҷаи бемории кӯҳнаи дил ба амал омадааст" фавтидааст. Онҳо инчунин дар дилаш "кардиомиопати дилатсияшуда" пайдо карданд.
Маълум аст, ки Марадона аз нашъамандӣ азият мекашид. Рӯзи 2-юми ноябр вай ба иллати камхунӣ ба клиникаи Ла-Плата бистарӣ шуд ва пас аз як рӯз ӯро ба осоишгоҳи шаҳраки Оливос интиқол доданд ва дере нагузашта ӯро барои беморе, ки онро бо забони русӣ «субдуральной гематомы» мегӯянд ва ин беморӣ дар майнаи сари Марадона ҷой дошт, ҷарроҳӣ карданд. Рӯзи 11 ноябр Марадонаро аз беморхона ҷавоб доданд ва ӯ ба хонаи хусусие дар маҳалли канори Буэнос-Айрес кӯчид ва дар он ҷо 25 ноябр дар синни 60-солагӣ даргузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив