LIVE

Месси ба саволи маргаш ҷавоб дод

    Сарвони 33-солаи аргентинии бошгоҳи “Барселона” Лионел Месси дар як мусоҳибаи худ тариқи шабакаи телевизионии Испания La Sexta ба савол дар бораи марги худ посух дод.

Месси: «Эй кош маросими дафни ман мисли маросими хайрбоди Марадона сурат гирад. 
Журналист: Дар бораи марги худ фикр мекунед?
Месси:  Не, не ман дар ин бора фикр намекунам ва ҳатто намехоҳам дар ин мавзӯъ сухан кунам. 
Журналист: Аз марги Марадона чӣ гуна хабар ёфтед?
Месси:Падарам ин хабари шумро ба ман расонд, замоне, ки ман дар хона будам. Баъдан хабарҳоро тариқи телевизион пайгирӣ кардам. Ҳеҷ кас ба ин ҳодиса бовар накард, аз ҷумла ман. 
Журналист: Бовар доштед, ки пас аз чор рӯзи марги Диего ба муқобили "Осасуна" гол мезанед? 
Месси: Бале, то он вақт ман дар як силсилаи бе голи қарор доштам, аммо ҳис мекардам, ки он рӯз гол мезанам. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Она голи худро ба Марадона бахшидам.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив