LIVE

Месси: дар вақтҳои холӣ бо Неймар FIFA бозӣ мекунам

Ҳамлавари «Барселона» - Лионел Месси дар бораи бозии худ бар муқобили Неймар дар барномаи FIFA ҳарф зад. 

«Вақте, ки ман дар хона бекорам ба  Неймар занг мезанам то онлайн FIFA бозӣ кунем. Замоне, ки мо бозӣ мекунем ӯ мунтахаби Бразилия ва ман Аргентинаро интихоб менамоям.  Неймар ҳамеша тӯбро ба худ медиҳад ва бо тамоми қувва рақобат мекунад, вале ӯ дар ин кор зур нест. Танҳо як маротиба ба вай муяссар шуд, ки гол занад ва маро шикаст бидиҳад» - гуфтааст: Месси.

Ёдовар мешавем, ки  Лионел Месси ва Неймар ҳарду дар «Барселона» бозӣ кардаанд.  Футболбози бразилӣ ба «ПСЖ» гузариш намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив