LIVE

Мактуби хайрбодии писари Марадона ба падараш

Писари Марадона бо падари худ хайрухуш кард: "Шумо ҳеҷ гоҳ намемиред, зеро ман шуморо то нафаси охирин дӯст медорам.

«Шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки ман дар канори шумо чӣ қадар хушбахт будам ... Ҳангоми наздик буданатон худро мағлубнопазир ҳис мекардам. Шумо тасаввуроте надоред, ки чӣ гуна ман оғӯши шуморо пазмон хоҳам шуд, чӣ гуна он замонҳоеро, ки мо якҷоя нишаста бозии Наполии маҳбубамонро тамошо мекардем, ёд хоҳам кард! Ва фарзандони ман? Чӣ гуна онҳо бе чунин бобои меҳрубон зиндагӣ мекунанд? Ман ваъда медиҳам, ки онҳо ҳамеша шуморо ёд мекунанд, шуморо муҳофизат мекунанд ва бо ифтихор дар бораи бобояшон ҳарф мезананд!

Падар, капитани қалби ман, шумо ҳеҷ гоҳ намемиред, зеро ман шуморо то нафаси охирин дӯст медорам. Маро мунтазир шав, замоне  ки вақтам мерасад, туро меёбам, зеро ҳамеша мехостам дар паҳлӯи ту бошам. Зеро писар дар паҳлӯи падараш аз ҳеҷ чиз наметарсад. Роҳи сафед , "даҳ" -и қалби ман. Ман туро дӯст медорам », - навиштааст писари Марадона дар Instagram. 

Дар маросими дафни Марадона дар Аргентина танҳо наздиконаш буданд ва уро дар назди  оромгоҳи волидонаш ба хок супориданд 

Манбаъ: Instagram Диего Марадонаи  хурдӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив