LIVE

Марадона аз олам гузашт!

Футболбози дастони аргентинӣ Диего Марадона шаби гузашта, дар синни 60 солагӣ аз олам даргузашт. Тибқи иттилои Clarin, сабаби марги Марадонаро табибон сактаи қалбӣ унвон кардаанд.

Диего Марадона ҳамчун футболбоз шарафи бошгоҳҳои «Архентинос Хуниорс», «Бока Хуниорс» и «Нюэллс Олд Бойз», бошгоҳҳои испании «Барселона» ва«Севиля»-ро ҳимоя намудааст. Аз ҳама давраи пур аз ифтихори ӯ, ки дар олами футбол машҳур аст, бозии ӯ дар дастаи  «Наполи» мебошад.

Ҳамчунин, дар мунтахаби Аргентина Марадона 91 бозӣ намуда, 34 голро ба самар расонидааст ва дар Ҷоми Ҷаҳон – 1986 соҳиби медали тилло гашта, дар Ҷоми Ҷаҳон – 1990 бошад, медали биринҷӣ насибаш гаштааст. Ҳангоми Ҷоми Ҷаҳон – 1994 аз ӯ ҳангоми гирифтани допинг-тест дар баданаш маводи манъшуда баромада, ӯро аз иштироки футбол то 15 моҳ манъ намуданд.

Баъди анҷоми фаъолияти футболбозии худ, Марадона чанд маротиба ба ҳайси мураббӣ фаъолият намуд. Аз соли 2008 то 2010 ӯ сармураббии тими мунтахаби Аргентина буд, ки дар Ҷоми Ҷаҳон – 2010 тимашро то даври чорякниҳоӣ баровард. Аз соли 2009 бошад, сармураббии бошгоҳи «Химнасия» аз Ла-Плата буд.

Ба хотири гиромидошти Марадона, Ҳукумати Аргентина 3 рӯзро мотам эълон намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив