LIVE

Нобиғаҳои таърихи футбол

Сомонаи расмии Give Me Sport рӯйхати беҳтарин футболбозони дорои истеъдоди баландро дар таъхири футбол мунташир кард. Зинаи аввали ин рӯйхатро нобиғаи футболи ҷаҳонӣ ва яккачини Аргентина - Диего Марадона аз худ намудааст. Зинаҳои дуюм ва сеюмро бошад, Роналдиню ва Йохан Кройфф ишғол намудаанд. Хотиррасон мекунем, ки дар ин рӯйхат беҳтарин голандози Португалия - Криштиану Роналду шомил нагардидааст.
Топ – 10 беҳтарин футболбозони дорои истеъдоди баланд дар таъхири футбол: 
1. Диего Марадона
2. Роналдиню
3. Йохан Кройфф
4. Зинедин Зидан
5. Лионел Месси
6. Ҷорҷ Бест
7. Тйерри Анри
8. Андрес Инйеста
9. Андреа Пирло
10. Хави

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив