LIVE

Марадона сармураббии «МЮ» шудан мехоҳад

Ситораи дастони футболи аргентинӣ Диего Марадона оиди сармураббии «Манчестер Юнайтед» шудан, ибрози назар намуд.

«Агар ба бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» сармураббӣ лозим бошад, пас ман омодаам. Ман медонам, ки ин даста бисёр футболбозонро ба воя расонида, ба ҳар гӯшаи олам, ба бошгоҳҳои гуногун ба фурӯш баровардааст, аммо пеш аз ҳама барои онҳо натиҷаҳо ва бурд дар чемпионати дохилӣ ва бозиҳои аврупоӣ лозим аст. Ман метавонам бо бошгоҳ ба ин дастовардҳо ноил шавам. «Манчестер Юнайтед» дер боз дастаи дӯстдоштании англисии ман аст. Дар ин даста, замоне футболбозони беҳтарини бисёре таҳти роҳбарии Алекс Фергюсон тамрин менамуданд» - иброз дошт Марадона.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив