LIVE

Чаро Агуэро қабл аз рафтанаш чунин кард?

Агуэро қабл аз он, ки аз Сити равад, барои собиқ ҳамдастагонаш ва кормандони бошгоҳ тӯҳфаҳо тақдим кард. Ҳар як корманди клуб, аз ҳамлагари аргентинӣ соати гаронбаҳо гирифт. Як адад соат беш аз 1 ҳазор фунт стерлинг арзиш дошт ва беш аз 60 нафар соҳиби ин тӯҳфа гардид.  Аммо ин охири кор набудааст, зеро ба яке аз кормандони даста мошини қиматбаҳо тақдим карда шуд. Агуэро дар байни коргарони клуб мошини нави Range Rover - ро ба бозӣ гузошт, ки соҳибаш яке аз кормандони каманда шуд. Аргентинӣ инчунин ба суратҳисоби “Ман. Сити” маблағи зиёдеро сармоягузорӣ кардааст, ки барои дастгирии кормандон сарф карда мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив