LIVE

Серхио Агуэро тарки "Манчестер Сити" мекунад

Ҳамлагари  “Манчестер Сити” Серхио Агуэро   эълон кард, ки пас аз анҷоми мавсим  дастаро тарк мекунад. Ин футболбози аргентинӣ дар саҳифаи твиттериаш   изҳоротеро нашр кард, ки  дар он Серхио дар бораи  тамдид накардани  шартномааш   бо “шаҳриҳо” хабар додааст. “МС” ҳам ин   иттилоъро тасдиқ кард.
“Вақте ки  як марҳилаи зиндагӣ  ба охир мерасад, ҳиссиёти зиёд касро  фаро мегирад.  Ман барои ин 10 сол дар МС мефахрам. Дар замонҳои мо барои як футболбози касбӣ 10 мавсим дар як тим будан аҷиб аст. Дар ин муҳлат ба дастовардҳои зиёде даст ёфтем, ман тавонистам беҳтарин нишонзан дар таърихи МС шавам... То охири мавсим ман омодаам, ки барои ин даста тамоми неруи худро сарф созам. Вале пас аз мавсим  омодаам, то ки даъвату пешниҳодҳои навро бипазирам.”-омадааст дар изҳороти аргентинӣ.
Ёдовар мешавем, ки   Серхио Агуэро соли 2011   аз дастаи "Атлетико Мадрид" ба маблағи 40 млн евро   ба МС гузариш намуда буд. Дар мавсими ҷорӣ Агуэро дар 8 бозӣ ба майдон баромада, 1 гол ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив