LIVE

Капитани "Барселона" ба "Реал" гузашт

"Реал Мадрид"    гузариши ҳамлагари 19-сола,  собиқ капитани дастаи ҷавонони "Барселона" Жоуме Жордииро  тасдиқ кард. Дар ин бора Marca хабар медиҳад.
Рӯзи 30-юми июн шартномаи футболбоз бо "Барса" ба охир расид, ки бо футболбоз дар бораи тамдиди шартнома ба мувофиқа нарасиданд. Акнун Жорди ба ҳайси агенти озод ба "Реал Мадрид" пайваст ва "Барселона"  аз ҳисоби трансфери ин бозигар пул кор карда натавонист. Жоуме Жорди дар мавсими гузашта голзани беҳтарин дар байни ҷавонони "Барселона" гардид. Ӯ 9 маротиба гол зада, се партофти головар анҷом додааст. "Реал Мадрид" инчунин бо Хавйер Виллари 18-сола, бародари хурдии Рома Гонсало Виллар  шартномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив