LIVE

Хоҳари собиқ футболбози "Нант" қасди худкушӣ кардааст

Хоҳари футболбози фавтидаи дастаи «Нант»-и Фаронса - Эмилиано Сала Ромина қасди худкушӣ кардааст. Тибқи иттилои tn.com.ar, Ромина Сала дар беморхона бистарӣ шудааст ва ҳоло дар ҳолати вазнин қарор дорад. Тибқи иттилои манбаъ, Ромина дар ҳолати мастӣ қасди худкушӣ кардааст. Табибон талош доранд ҷони ӯро наҷот диҳанд.

Аз марги футболбоз 2,5 сол гузашт. Ёдовар мешавем, ки бозигар гузариши худро аз дастаи “Нант” ба "Кардифф Сити" ба маблағи 15 миллион евро анҷом дод, вақте ҳавопаймое, ки ӯ ба Уэлс парвоз мекард, аз радар нопадид шуд. Дар моҳи феврали соли 2019 ҳавопаймо дар ҷазираи Ла-Манш пайдо шуд, ҷасади футболбоз низ ёфта шуд. Пас аз фоҷиа хоҳари бозигар Ромина муддати тӯлонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бародараш, аз ҷумла дар рӯзи таваллудаш, паёмҳояшро идома медод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив